Бахшҳо

Райиси Тоҷикматлубот: Қудрат дорем, мавқеъ не

Сироҷиддин Валиев, раиси иттифоқи «Тоҷикматлубот» мегӯяд, мо қудрат дорем тайи моҳи шарифи Рамазон нархи гӯштро дар шаҳри Душанбе дар  сатҳи 28 сомонӣ нигоҳ дорем, аммо шароит надорем.

Номбурда аз камбуди ҷойи тиҷоратӣ (савдо) дар Душанбе шикоят кард: «Мо дар Душанбе мавқеи тиҷоратӣ надорем. Ҳар сол дар бозори Шоҳмансур як мавқеъ доштем, ки савдо мекардем. Имсол моро намонданд. Як идораи нави ташкили савдо кардаанд. Хай, доранд худшон донанд. Ҳаминро нигоҳ накарда, мо дар дохили бозори Шоҳмансур дар моҳи Рамазон фурӯши гӯшти говро бо нархи 28  сомонӣ ва гӯшти бузу гӯсфандро бо нархи 30 сомонӣ ташкил мекунем».
Раиси иттифоқи «Тоҷикматлубот» мегӯяд бо ин мақсад ба ғайр аз бақияе, ки доранд аз Данғара боз 229 сар чорвои калон  271 сар чорвои хурд харидорӣ намудаанд.
Ин кӯшишҳои масъулин барои поён бурдани нархҳо дар ҳоле аст, ки хароҷоти тавлидкунандагон ҳам дар паи афзоиши нархи сӯзишворӣ техника ва ғайра зиёд гардидаст. Аз ҷумла чорводорон мегӯянд баҳори  имсол нархи як дарза кох то 25 сомонӣ расида буд.
Дар ҳамин шароит, аз нигоҳи иқтисодӣ афзоиши нархи гӯшт ногузир арзёбӣ мегардад.  Сироҷиддин Валиев, раиси «Тоҷикматлубот», ки ваъдаи то 28 сомонӣ расондани нархи гӯштро дод, изҳор медорад, ки аз хароҷоти истеҳсолкунандагон бохабар аст: «Мо дар ноҳияҳо нуқтаҳои қабули маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ташкил кардем, ки аз дасти аввал аз истеҳсолкунанда харида мефурӯшанд».   
Раиси «Тоҷикматлубот» яке аз далелҳои нисбатан қиммат будани нархҳо дар бозорҳои кишварро, шумораи зиёди миёнаравҳо гуфт: «Масалан гӯшт баъзан аз дасти чорум ё панҷум ба дасти харидор мерасад. Мо бевосита аз чорводор гирифта дар бозор мефурӯшем».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)