Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:08

Овозаҳои бепоя дар бораи раиси «Тоҷик Эйр»

25 июл 2012, 05:52

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳоро дар мавриди он, ки гӯё Бонки миллӣ аз президенти Тоҷикистон барои тафтиши суратҳисоби мудири кулли ширкати «ТоҷикЭйр», Музаффар Исҳоқов супориш гирифтаст, рад кард.

Ширинов изҳор дошт, ки чунин гапҳоро, ки гӯё дар натиҷаи тафтиш ва дарёфти 15 миллион доллар  дар суратҳисобҳои  Исҳоқов , вай аз кишвар гурехтаст, бори аввал мешунавад. Исҳоқов дар нишасти матбуотии бахшида ба фаъолияти 6 моҳаи ширкати «ТоҷикЭйр» иштирок надошт. Исмоил Ғаффоров, директори  тиҷоратии ширкат сабаби ҳузур надоштани раисашонро беморӣ гуфт.
Ширинов мегӯяд, дар Тоҷикистон то ҳозир ягон ҳолати пулшӯӣ аз ҷониби ширкату мансабдорон ба қайд гирифта нашудаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!