Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:35

Шералӣ Гул талаботи Хазинаи Оғохонро номақбул гуфт

25 июл 2012, 07:07

Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ба сифати яке аз сармоягузорони эҳтимолии  нерӯгоҳи барқӣ-обии «Санобод» дар ноҳияи Рушони ВМКБ, Хазинаи Оғохонро ном бурда, таъкид намуд, ки дар айни ҳол талаботи гузоштаи хазина дар мавриди Санобод номақбул аст.

Шералӣ Гул мегӯяд ҷониби Тоҷикистон хостори тавассути «биотӣ» сохтани ин нерӯгоҳ аст: «Баъди пурра сохтани нерӯгоҳ ва истифодаи он давоми як муддати муайян, бояд ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шавад. Айни ҳол талаботи гузоштаи Хазинаи Оғохон бисёр вазнин аст».
Шералӣ Гул мушаххас накард, ки Хазинаи Оғохон кадом талаботро пеш гузоштааст, аммо таъкид намуд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ба хазина иҷозат додаанд.
Вазири саноат энергетика мегӯяд дар Бадахшон идораи истифодаи барқ дуруст ба роҳ монда шудааст ва бунёди нерӯгоҳи Себзор бо иқтидори 10 мегаватт имкони содиротии барқро аз вилоят ба маротиб зиёд мекунад.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Санобод дар ҳудуди деҳаи Шидзи ноҳияи Рушон бо иқтидори 100 – 150 мегаватт ба нақша гирифта шудаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!