Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:40

ВМ аз маблағгузории музди меҳнат дар ҶТ розӣ аст

25 июл 2012, 12:30

Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, як қатор ноҳияҳо, аз қабили  Хуросон, Панҷ, Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетро таъмин карда натавонистаанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия иброз намуд, ки нақшаи даромади буҷетро ноҳияи Хуросон 144 ҳазор сомонӣ, Панҷ 318 ҳазор сомонӣ, Конибодом 454,2 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Мастчоҳ ба андозаи 15% таъмин накардаанд. Номбурда илова намуд, ки қисми хараҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон дар 6 моҳаи аввали ҳамин сол  ба андозаи 92,3% иҷро гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, муовини аввали вазири молия таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 1949 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 584 миллион сомонӣ, тандурустӣ 295 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 918 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 153 миллион сомонӣ, кишоварзӣ 100,3 миллион сомонӣ, энергетика 641,4 миллион сомонӣ, нақлиёт ва комуникатсия 190 миллион сомонӣ равона карда шудааст: «Маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳамаи намуди ҷубронпулиҳо ва кӯмакпулиҳо ба аҳоли ва инчунин сохтумони муҳими иншоотҳои давлатию чорабиниҳои ҷашнӣ пурра таъмин карда шудаанд».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!