Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:07

Кӯлоб: Бебарқӣ дар деҳаҳои Ховалинг

26 июл 2012, 04:20

Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг мегӯяд, то ҳанӯз ба рустоҳои Сунҷитаку Кунҷитак,  Оқтойу Буғдояк  хати барқ кашида нашудааст.

Ӯ мегӯяд, сабаби асосӣ дар он аст, ки дар рустохои номбурда одамон кам зиндагӣ мекунанд. Масалан, дар Сунҷитак ҳамаги чор оила ба сар мебаранду зимистон сокинони он аз ҷамъият умуман канда мешаванд, яъне бо дигар ҷои ноҳия иртибот надоранд: «Онҳо ба даъвати чанддафъаи мо, ки хамбида ба мавзеъҳои обод биёянд, гӯш намекунанд.  Гӯё ватани бобоишона обод мекарда бошанд, ки дурӯғ мегӯянд».
Ба андешаи сардори идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Ховалинг Қаландаров, барои ба ин рустоҳои дурдасти куҳӣ кашидани хати барқ маблағи зиёде зарур аст. Дар ин маврид, қудрати буҷаи маҳал ҳам камӣ мекунаду сокинон бошанд, умуман барои таъмин гаштан бо барқ кӯшиш намекунанд.  Бо айби камии аҳолӣ то ҳанӯз ба деҳоти кӯчаку душворгузари Ховалинг хати барқ кашида нашудааст ва шароити бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ ҳам мавҷуд нест.    
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Хуршед Қодиров, сардори идораи фурӯши барқи ноҳия, қарзи истеъмолкунандагони барқ дар нимсолаи аввали имсол 1 милёну 931 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он ҳудуди 1милёну 490 ҳазораш қарзи аҳолӣ аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!