Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:01

Вазир: Хазинаи Оғохон талаботи вазнин пешниҳод кард

26 июл 2012, 04:26

Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ба сифати яке аз сармоягузорони эҳтимолии  нерӯгоҳи барқи обии «Санобод» дар ноҳияи Рушони ВМКБ, Хазинаи Оғохонро гуфт.

Аммо ӯ таъкид намуд, ки дар айни ҳол талаботи гузоштаи Хазина дар мавриди Санобод номақбул аст.  Шералӣ Гул мегӯяд ҷониби Тоҷикистон хостори тавассути «биотӣ» сохтани ин нерӯгоҳ аст:«Баъди пурра сохтани нерӯгоҳ ва истифодааш давоми як муддати муайян, он бояд ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шавад. Айни ҳол талаботи гузоштаи Хазинаи Оғохон бисёр вазнин аст».
Шералӣ Гул мушаххас накард, ки Хазинаи Оғохон кадом талаботро пеш гузоштаст, аммо таъкид намуд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ба Хазина иҷозат додаанд. Вазири энергетика мегӯяд, дар Бадахшон идораи истифодаи барқ дуруст ба роҳ монда шудааст ва бунёди нерӯгоҳи Себзор бо иқтидори 10 мегаватт имкони содиротии барқро аз вилоят ба маротиб зиёд мекунад.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Санобод дар ҳудуди деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон бо иқтидори 100 – 150 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар надонед ки талаботи гузоштаи Хазинаи Огохон вазнин аст, шояд донед, ки талаботи Хукумати ьиуыури аз вай вазнинтар аст.
Ба хол он чиро ки аник накардаед бехтараш ки нанависед, ки вазини аст ё сабук.
Посух додан
  • Mahmud

  • 20 декабр 2015 18:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Здравствуйте это школа для суни или шия

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!