Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:17

Девонаев: «Шаҳрвандони Русияро низ депорт кардем»

26 июл 2012, 07:35

Дар нимсолаи аввали соли равон 1 ҳазору 185 муҳоҷири тоҷик бо  сабабҳои мухталиф, аз қабили вайрон кардани қонуну қоидаҳо аз Федератсияи Русия берун карда шудаанд.

Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки муҳоҷирони хориҷӣ, хусусан шаҳрвандони Русия низ аз қаламрави  Тоҷикистон  дар ин давра депорт шудаанд. Номбурда қайд намуд, ки вобаста ба ҳолати будубоши муҳоҷирони хориҷӣ 192 маротиба санҷиш гузаронидаанд, ки нисбати 291 муҳоҷири хориҷӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб  намуда, 186 нафар аз қаламрави кишвар берун карда шуд: « Ин нафарон  аз қайд нагузаштаанд, иҷозат барои кор нагирифтаанд, мӯҳлати иҷозатномаашон  гузаштааст». Шумораи муҳоҷирони хориҷӣ, ки аз Тоҷикистон депорт шудаанд, нисбати 6 моҳ қабл 58 нафар афзоиш ёфтааст. Яъне дар 6 моҳаи ахири соли гузашта шумораи онҳое, ки аз Тоҷикистон берун карда шудаанд, 128 нафарро ташкил дода буд. Сардори Хадамоти муҳоҷират илова намуд, ки нафарони аз қаламрави кишвар берункардашуда асосан шаҳрвандони Хитой, Русия ,Афғонистон, Покистон Эрон ва Ӯзбакистон мебошанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!