Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:11

Зуҳуров дар бораи мушкили алоқа ба Бадахшон ва қазияи ТВ СМТ «нақл» кард

26 июл 2012, 12:01

Райиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон  мушкили ТВ СМТ, ягона шабакаи мустақили пойтахтро шарҳ дода гуфт, мо роҷеъ ба ин масъала дар як вохурӣ ба масъулини Кумитаи ТВ ва радиои Тоҷикистону СМТ  пешниҳод кардем, ба як хулоса биёянд, ки дар кадом басомад фаъолият мекунанд.

- Пасон ба мо муроҷиат кунанд, мо иҷозаи пахш медиҳем. Барои мо фарқ надорад, ки кӣ дар куҷо фаъолият мекунад. Вале гап сари он аст, ки се сол мешавад, ки онҳо ба як хулосаи аниқ наомадаанд,-афзуд Зуҳуров.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Асадулло Раҳмонов,  райиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар ба роҳбарияти телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) пешниҳод карда буд, ки ба мавҷи дигар гузарад. Ба қавли ӯ, шабакаи русии ОРТ рӯи он мавҷе фаъолият мекунад, ин басомад ҳаққи қонунии СМТ мебошад. Ҷаноби Зуҳуров ҳамчунон қайд кард, ки пас аз ба фиристандаи дигар гузаштани ТВ СМТ мо муайян мекунем, ки гунаҳкор аст ва молиёти онро мепардозад.
Маврид ба тазаккур аст, ки телевизиони СМТ ягона телевизиони мустақил дар Душанбе мебошад, ки аз соли 2009 инҷониб мавҷи онро шабакаи ОРТ-и Русия ба таври ғайриқонунӣ азхуд намудааст ва ин мушкил то ҳол  роҳи ҳалли худро наёфтааст.
Бег Зуҳуров ба вазъи мушкили иртибот ва алоқаву интернет дар Бадахшон ишора карда гуфт, як тир (аммо номаълум аз куҷо) бойиси аз байн рафтани хати нахии нақли  алоқа шудааст.
Ӯ, ки дар як нишасти матбуотии созмонёфта имрӯз, 26-уми июл дар ҳузури хабарнигорони расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ сӯҳбат мекард, гуфт: «Шояд муштариён ҳам дар ҷои ноҳамвору бевасл шишта бошанд ва дастнорас шудаанд».
Ба суоли он ки оё касе, ё вазорате Хадамоти алоқаро ба қатъи иртибот маҷбур карда ва ё фармон додааст, Зуҳуров иброз дошт, ки не: «Ягон вазорат ба мо фармон дода наметавонад ».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!