Бахшҳо

Эрон ба харитаҳои махфии Тоҷикистон даст ёфт

Яке аз сабабҳои таъхиркорӣ  зимни омӯзиши қисмати тоҷикии роҳи оҳани Чин- Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эронро саривақт пешниҳод нашудани харитаҳои зарурӣ ба ширкати эронии «Метро» мегӯянд.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, харитаҳое, ки барои омӯзиши қисмати тоҷикии ин роҳи оҳан барои ширкати «Метро»  зарур буданд, дар Тоҷикистон махфӣ маҳсуб меёбанд:«Бино ба ин мо ба ҳукумат муроҷиат намудем, баъдан Кумитаи амният омӯхта маводи даркорӣ ба ширкати эронии Метро пешниҳод шуд».
Ҳакимов таъкид кард, ки айни ҳол омӯзиши лоиҳа бо суръат пеш рафта истодааст. Вай таъкид намуд, ки айни ҳол ширкати «Метро» танҳо имкони татбиқшавии лоиҳаро омӯхта истодааст ва он асоснокии техникӣ – иқтисодӣ нест. Ба гуфтаи вазир баъде, ки ширкати Метро лоиҳаро татбиқшаванда гуфт, асоснокии техникӣ – иқтисодӣ гузаронда мешавад ва масъулини тоҷик аз паи дарёфти сармоя мегарданд.
Масофаи қисмати тоҷикии роҳи оҳани Эрон- Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин 392 километрро ташкил дода, қисмати мушкилаш аз Ваҳдат то Қарамиқ,  сарҳади Қирғизистон маҳсуб меёбад, ки 270 километр дарозӣ дорад. Бо назардошти мавқеи географӣ,  арзиши сохтмони як километр роҳи дар ин қисмат аз 8 то 10 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар ин қисмат сохтмони 16 километр нақб ва 47 пул дар назар аст.  
Дар ҳоли ҳозир арзиши сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳи оҳан наздики 4 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад.  
Дар маҷмӯъ ин роҳи байналмилалӣ 2 ҳазор километр дарозӣ дошта, барои кишварҳои пайвастшаванда, - Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистону Чин аҳамияти бузурги геополитикӣ, стратегӣ дорад.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)