Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 23:00

Вазири умури дохила ва Райиси амнияти Афғонистон дар Душанбе

27 июл 2012, 04:52

Рӯзи гузашта (26-уми июл) Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Раиси умумии амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набилро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, ин ду масъули баландпояи ҳукумати Кобул бо як ҳайати бонуфузи роҳбарияти сохторҳои қудратии кишварашон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла ҳифзи муштараки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ ва қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд, ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади ду кишвар дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон зоҳир гардид.
Роҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки як гурӯҳ ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони муқими Хоруғ ҳамкорӣ доштанд, дар хоки Афғонистон аллакай дастгир шудаанд ва ҳамгироии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ду ҷониби марз босамар идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!