Озмуни байналмилалии "Иссиқкӯл-2012" дар Қирғизистон аз 26 то 28 июли соли равон баргузор мегардад.
Тавре ба Озодагон аз вазорати фарҳанг хабар доданд, дар ин Фестивал-озмуни байналмилали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сурудҳои анъанавию фолклори сарояндаи филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Гулчеҳра Қурбонова ва дар жанри эстрада Икром Исломӣ муаррифӣ менамоянд.
Манбаъ инчунин афзуд, ки ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли "Гулшан" Бахтиёр Иброҳимов дар ҳайати ҳакамони фестивал-озмун шомил гардидааст.
Мӯҳр