Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:59

Саҳми «Газпром» дар бозори Тоҷикистон беш аз 50 фоиз коҳиш ёфт

27 июл 2012, 08:23

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз 78 ҳазору 662 тонна бензине, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар ворид шудаст, 57,8 фоиз ё 45 ҳазору 510 тоннааш аз ҷониби ширкати русии «Газпром нефт-Тоҷикистон» амалӣ шудаст.

 

Пештар саҳми ин ширкат дар бозори бензини Тоҷикистон аз ҳадди 80 фоиз ҳам боло буд.
Ширкати «Умед-88» давоми 6 моҳ 3 ҳазору 503 тонна бензин ворид кардаст, ки ин 4,5 фоизи маҷмӯи бензини воридшударо ташкил медиҳад.  Саҳми ширкати «Нури Дилшод» дар бозори бензин ба 3,1 фоиз баробар шудаст.  Худи Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон 6 ҳазору 127 тонна бензин ворид намудаст.  21 ҳазору 85 тонна бензини дигар аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва дигар ширкатҳо ворид шудаст. Воридоти бензин ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ нисбати нимсолаи аввали соли гузашта  40 фоиз, ё ҳудуди 53 ҳазор тонна коҳиш ёфтаст. Умуман ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 169 ҳазор тонна маводи сӯхт дохил гардидаст. .
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд аз ҳаҷми умумии маҳсулоти сӯхти воридгардида 61,9 фоиз аз корхонаҳои каркарди нафти Русия, 23,8 фоиз аз Туркманистон, 4,8 фоиз аз корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон, 3,6 фоиз аз Белорусия ва 5,9 фоизи боқимонда аз корхонаҳои коркарди нафти дигар давлатҳо ворид шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!