Ин ҳодиса дар мавзеъи ба номи Хирсдара иттифоқ афтодааст.
Маҳмадшариф Шамсов, масъули РБДА дар ин бора ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дода гуфт, рӯзи гузашта (26 июл)сарнишини сабукрави «Лада 21 21 4» , Муборакшо Ашурови 42- сола аснои ҳаракат дар километри 28-уми роҳи Дарвоз-Лаби-Ҷар-Душанбе, ҳудуди мавзи Хирсдара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада онро ба ҷарии 40 метр чаппа мекунад.
Дар натиҷа, мусофири автомашина, Майдарвоз Қосимоваи 47- сола дар макони ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфт.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки аз аввали соли равон то имрӯз дар саросари кишвар 898 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 203 нафар ҳалоку 759 тани дигар захм бардоштааст.
Мӯҳр