Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:12

Ҷонон Икромӣ аз олам чашм пӯшид

27 июл 2012, 11:34

Имрӯз дар Душанбе Ҷонон Икромӣ, яке аз олимони шинохтаи тоҷик аз дунё даргузашт.

Дар ин бора Диловар Икромӣ, писари марҳум ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.  Профессор Икромӣ тайи 4 соли ахир аз бемории шадид ранҷ мебурд. Ҳамин тавр, пас аз бемории дуру дароз дили Ҷонон Икромӣ дар синни 76-солагӣ аз задан боз монд. Ҷанозаи ӯ дар мазори Сари Осиёи пойтахт ба хок супорида шуд.
Ҷонон Икромӣ писари адиби маъруф Ҷалол Икромӣ аст. Ӯ 12-уми июли соли 1936 дар Душанбе таваллуд ёфтааст. Ӯ мактаби № 7-и шаҳри Душанберо бо медали тилло хатм намуда, ба факултаи кимиёи  Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломаносов дохил мешавад. Баъди итмоми донишгоҳ ба аспирантура роҳхат гирифта, рисолаи номзадиро низ дар пойтахти СССР-и собиқ ҳимоя мекунад. Пас аз чанд муддат ба Душанбе баргашта дар Институти кимиёи АУ ба кор сар кардааст.
Гуфта мешавад, ба қалами Чонон Икромӣ беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмиву таҳқиқотӣ мансуб аст. Ба замми ин ӯ дар соҳаи илми кимиё чанд кашфиёту ихтироот низ кардааст.    


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!