Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:48

Афви иштирокдорони ҳаводиси Хоруғ имкон дорад

30 июл 2012, 06:15

Барои ҳодисаҳои ахиран дар Хоруғ рухдода, ҳамагӣ се нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дигарон афв мегарданд.

Дар ин бора як манбаъ аз шаҳри Хоруғ ба радиои Озодӣ иттилоъ додааст. Бино ба навиштаи ин расона, интизор меравад, рӯзҳои наздик  Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар афви иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Хоруғро эълон кунад: «Ин тавофуқ дар пайи гуфтугӯҳои миёни мақомоти расмии Душанбе ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон ба даст омадааст».
Ҳамазамон, ба қавли манбаъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки Толиб Айёмбеков ва ду ҳамроҳаш, ки дар қатли генерал Абдулло Назаров муттаҳам мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда,  дигарон мавриди афв қарор хоҳанд гирифт. Бар илова, тавофуқ шудааст, ки аз ҳисоби аъзои дастаҳои Имомназар Имомназаров, Ёдгор Мамадасламов, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Толиб Айёмбеков як гурӯҳи махсус дар ҳайати сохторҳои интизомӣ барои ҳифзи амният дар Бадахшон таъсис ёбанд. Ҳамон тавре манбаи мо мегӯяд, ин танҳо тавофуқи пешакист ва то ҳол дар ин бора санаде ба имзо нарасидааст. Худи намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон низ гуфтаанд, омода ҳастанд, ки танҳо дар ҳузур ва бо кафолат (тазмин)-и намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ин санадро имзо кунанд. Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ гуфтааст, намояндагони ҳукумат ба онҳо ваъда додаанд, ки дар сурати халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, нерӯҳои давлатӣ аз ҳудуди вилояти Бадахшон хориҷ хоҳанд шуд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!