Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:14

Нобиноёни Ҳисор то ҳанӯз нафақаашонро нагирифтаанд

30 июл 2012, 09:39

Амиршо Ғаффуров, раиси маҳалли комбинати нобиноёни ноҳияи Ҳисор мегӯяд,  масъулини ноҳияашон дар моҳи Рамазон ба маъюбон на танҳо хайру саховате накардаанд, балки ҳаққи онҳоро саривақт надода истодаанд.

Ғаффуров мегӯяд, 157 нобинои минтақаашон бо вуҷуди он, ки моҳ сипарӣ шуда истодааст, ҳанӯз ҳам нафақа нагирифтаанд: «Мо ҳозир ягон кор надорем. Рузамон ба нафақа мондаст. Ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муроҷиат намудем, аз он ҷо ба масъулини ноҳия супориш доданд, ки нафақаамонро диҳанд. Бояд дирӯз медоданд. Аммо ҳанӯз нафақаамонро нагирифтаем».
Ба қавли номбурда дар Душанбею Хатлону дигар ҷойҳо нафақахурон тавассути корт аз 1-ум то 5-ум нафақаашонро мегиранд: «Дар мо бояд то санаи 10-ум нафақаро оварда супоранд. Аммо чанде пас ид мешаваду мо ҳанӯз онро нагирифтаем».
Амиршо Ғаффуров мегӯяд, ин бори аввал нест, ки масъулин зимни додани нафақа ба нобиноён таъхир мекунанд. Ӯ афзуд, ки соли 2007 низ ба чунин ҳолат дучор омада буданд, он замон танҳо баъди муроҷиат ба райисҷумҳур мушкилашон ҳал шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!