Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:05

Андоз барои сарояндаҳо аз соли оянда гаронтар мешавад

31 июл 2012, 04:47

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон 570 ҳазор сомониро, ки дар давоми шаш моҳ ба сифати андоз аз 465 нафар сароянда ва навозандаи кишвар ҷамъоварӣ шудаст, ғайриқаноатбахш гуфт.

Давлатов мегӯяд, ин маблағи ночиз аст, ростӣ ман аз ин қаноатманд нестам ва бори дигар супориш додам, ки назоратро дар соҳа сахттар кунанд. Ба қавли ӯ, бисёри сарояндагонро барои саркашӣ аз андоз ҷарима кардаанд: «Ҳунармандон аксаран тавассути патенту шаҳодатнома фаъолият мекунанд. Баъзан як маблағи ночизро месупоранду моҳҳо  нопадид мешаванд. Баҳона мекобанд, ки дар сафари корӣ ё дар хориҷа будаанд».
Масъулини Кумитаи андоз мегӯянд, айни ҳол лоиҳаи қарори ҳукумат дар барои фаъолият бо патенту шаҳодатнома таҳия шуда истодаст, ки дар он афзоиши пардохтҳо аз ҷониби  сарояндагону санъаткорон дар назар аст: «Аз соли оянда ҳам фаъолияти санъаткорон ҳамоно тавассути патент сурат мегирад. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки маблағҳое, ки аз сарояндагон ҷамъоварӣ мешаванд зиёдтар шаванд, чун имконияти сарояндагон нисбати дигар категорияҳое, ки бо патент кор мекунанд, зиёдтар аст».
Раиси Кумитаи андоз  дар шароите, ки кишоварзони тоҷик бо вуҷуди даромади ночиз андоз месупоранд, ҷамъоварии андоз аз сарояндагонро ҳам кори дуруст гуфт: «Ҳар шаҳрванд новобаста аз оне, ки дар кадом соҳа кор мекунад, бояд андоз супорад. Супоридани андоз ин  баҳои тамаддуннокии миллат аст».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!