Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:13

Бар асари таркиш кӯдакон ҷароҳат бардоштанд

9 июн 2011, 05:06

Бар асари як инфиҷор дар Маскав шаш нафар бо шумули 5 кӯдак ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Тавре пулис хабар медиҳад, таркиш дар назди яке аз осорхонаҳо, дар минтақаи ғарбии ин шаҳр дар назди хонаи рақами 22-и кӯчаи Иван Франко рух додааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти пулиси Маскав ин дувумин инфиҷор аст, ки дар тӯли ин рӯз ба амал омадааст. Чанд муддат пештар дар километри 22-юми шоҳроҳи МКАД нафарони номаълум дидбонгоҳи БДА-ро тарконданӣ шуда, аз пушти девори баланд ба сӯи дидбонгоҳ маводи тарканда ҳаво додаанд. Маводи тарканда ба нуқтаи гуфтугӯи телефонии ҳудуди дидбонгоҳ бархӯрда, таркидааст.  Фавран дар хусуси таркиш дар назди дидбонгоҳи БДА сардори РУД -и Маскав Владимир Колоколтсев хабардор карда шуда, сарварони минтақаии пулис ба ҷойи ҳодиса расида омадаанд.

Дар ҳамин ҳол пулиси Маскав замоне баъд, хабари инфиҷор дар назди дидбонгоҳи БДА-ро бепоя хонд ва аммо навори ин инфиҷор аз сӯи гурӯҳи анархистие, ки дертар ин амалро ба дӯши худ гирифтаанд, дар интернет гузошта шудааст.

Хушбахтона, дар ин инфиҷор касе ҷароҳат надидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!