Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

Пасандозҳои шахсони воқеӣ беш аз ду миллиард сомонӣ будааст

31 июл 2012, 06:05

Бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввал нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2 дар сад зиёд гардида, айни замон 4,6 миллирад сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба Озодагон аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

«Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ 37,4 фисад афзоиш ёфта ба 2,7 миллард сомонӣ баробар шудаааст»,-афзуд манбаъ.
Бино ба иттилои сарчашмаи хабар, фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 15,9 дар сад ва бо асъори хориҷӣ 13,5 фоизро ташкил медиҳад. Нисбат ба нимсолаи аввали соли 2011 фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 0,4 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,7 банди фоизӣ кам гардиданд.       





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!