Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Нархи гандуму орд дар Тоҷикистон боз ҳам боло меравад

31 июл 2012, 11:59

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар паи афзоиши нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ, гаронии нархи орду нонро дар Тоҷикистон пешгўӣ мекунанд.

Орду гандум, ки ба иттилои Созмони озуқа ва кишоварзии СММ 60 фоизи колорияи рўзонаи мардуми Тоҷикистонро ташкил дода, тайи як соли охир майли арзонӣ доштанд. Тибқи мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар моҳи ҷорӣ нархи 50 киллограм орд дар пойтахт ҳудуди 105-110 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод ба 140 сомонӣ баробар буд. Дар паи тағйироти ахир дар бозори ҷаҳонии гандум таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод эҳтимоли афзоиши нархи орду нонро дар Тоҷикистон ҳам бузург арзёбӣ мекунанд. Болоравии нархи гандум дар ҷаҳон дар паи хушксолӣ ва кам шудани ҳосил сурат гирифтаст. Дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо орду гандум аст, тибқи пешгўиҳои нав ҳосил аз ҳаҷми интизорӣ ду миллион тонна камтар мешавад.
Мувофиқи пешгўиҳои нави вазорати кишоварзии Қазоқистон аз ҳар гектар замини  кишвар ба ҳисоби миёна 8,1 сентенер ва дар маҷмўъ 12,8 миллион тонна гандум ҷамъ мешавад. Масъулини кишоварзии Қазоқистон қаблан интизор доштанд, ки аз ҳар гектар 8,7 сентенер ҳосил хоҳанд гирифт. Ҳамин ҳолат дар кишварҳои дигари тавлидкунандаи гандум, Русия, ИМА, Украина ва дигарҳо ҷой дорад. Тибқи иттилои сомонаи «КазахЗерно»  дар созишномаҳои нав, ки барои аз Қазоқистон содир намудани гандум дар моҳи  август баста шудаанд нархи ҳар тонна ҳудуди 11 фоиз  қиммат гардидаст.Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар афзоиши минбаъдаи нархи орду гандум дар Тоҷикистонро аз ҳосили нав дар кишвар вобаста медонанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!