Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Бозгашти овозхонҳои тоҷик аз Қирғизистон. Бо пирӯзӣ

1 август 2012, 07:48

Гулчеҳра Қурбонова, сарояндаи тоҷик ба иҷрои як суруди фолклорӣ ва як классикии «Шашмақом» соҳиби ҷоиза гардид.

Тавре ба Озодагон вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, ӯ дар ҷашнвораи байналмилалии "Иссиқкӯл-2012" дар Қирғизистон ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобин»-ро сазовор гардида бо мукофоти пулӣ тақдир шудааст. Дар ин фестивал-озмуни байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши сурудҳои анъанавию фолклорӣ сарояндаи филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Гулчеҳра Қурбонова ва дар жанри эстрада Икром Исломӣ муаррифӣ карданд.
Бино ба иттилои манбаъ, овозхони бомаҳорат Икром Исломӣ бошад, бо дипломи Кумитаи тудорукоти озмун муваффақ дониста шудааст. Бояд гуфт,  ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли "Гулшан" Бахтиёр Иброҳимов дар ҳайати ҳакамони фестивал-озмун шомил буд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!