Аз аввали сол то имрӯз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 71 ҳолати нақзи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор кардааст.
Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, дар шаҳри Душанбе 46 ҳолат, вилояти Хатлон 11, вилояти Суғд 10, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 ва ВМКБ 1 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд расидааст. Бино ба иттилои манбаъ, нисбати афроде, ки қонуни мазкурро нақз кардаанд, мавод тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардидааст.
Мӯҳр