Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Шаш варзишгари тоҷик то имрӯз дар Лондон пирӯз нашуданд

2 август 2012, 06:35

Анвар Юнусов, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бокс дар даври 1/8 ниҳоии олимпии Лондон, дар вазни то 56 кило бо Оскар Валдеси мексикоӣ ба ринг баромада, комёб нашуд.

Ӯ аз рақиби худ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 7:13 шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо дар олимпиадаи мазкур маҳрум шуд. Оскар Валдеси мексикоӣ бошад,  ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ёдрас менамоем, ки дирӯз, Парвиз Собиров низ, ки дар даври 1/16-ниҳоӣ дар вазни то 91 кило бо Мелони Робертои итолиёвӣ қувваозмоӣ намуд, мағлуб шуда аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд. То имрӯз шаш варзишгари тоҷик дар чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои ХХХ-юми олимпии Лондон-2012, ҳунарнамоӣ карданд, ки мутаасифона ягон нишони ин мусобиқотро ба даст наоварданд.
Дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012, фардо, 3-юми август ду варзишгари дигари тоҷик, Дилшод Назаров аз рӯи намуди гурзпартоӣ ва Владислава Овчаренко дар намуди давидан ҳунари худро нишон хоҳанд дод.


 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!