Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 18:05

Дар шаш моҳ ба Тоҷикистон 23 ҳазор мошин овардаанд

2 август 2012, 06:42

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон шурӯ аз аввали имсол то кунун ба қаламрави ҷумҳурӣ 23 ҳазор мошини сабукрав ворид шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 шаш ҳазор мошин бештар аст. Хадамоти гумрук мегӯяд, дар 5 соли ахир бошад, ба қаламрави Тоҷикистон  зиёда аз 274 ҳазор мошин ворид шудааст. Бештари ин воситаҳои нақлиёт аз Русия ва Дубай оварда шудаанд. Манбаъ афзуд, шумораи зиёди мошинҳое, ки дар панҷ соли ахир ба қаламрави кишвар оварда шудаанд, ба соли 2008 рост меояд: «Соли 2008-ум ба Тоҷикистон 95 ҳазор мошин ворид шуд. Соли 2007 ин рақам 70 ҳазор, соли 2009 38 ҳазор, соли 2010 37 ҳазор ва соли 2011 ҳамагӣ 34 ҳазор. Дар шаш моҳи имсол 23 ҳазор мошин марзи Тоҷикистонро гузашт».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!