Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Вазири дифои Амрико дар Урдун вазъи гурезаҳои Сурияро баррасӣ мекунад

2 август 2012, 11:11

Леон Панетта, вазири дифои ИМА имрӯз ба Урдун сафар кард.

Мақсади ин сафар мулоқот бо шоҳ Абдуллои дуюм перомуни вазъияти Сурия ва ҳолати фирориёни сурӣ дар Урдун маънидод мешавад. Панетта, ки қаблан аз Тунис, Миср ва Исроил боздид ба амал овард, қабл аз сафар ба Урдун ба журналистон гуфт, ки ҳар ду ҷониб аз печидагиҳои қазияи Сурия нигарон ҳастанд. Ба қавли вазир Амрико ва Урдун дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ки масъули кӯмак ба осебдидаҳои хушунатҳо дар Сурия ҳастанд, ҳамкориҳои густурдаеро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Тибқи маълумотҳо феълан беш аз 145 ҳазор мардуми Сурия дар Урдун паноҳ мебаранд. Рӯзи якшанбе дар ноҳияи Мафраки Урдун боз як лагер таъсис ёфт, ки қобилияти ғунҷонидани ҳудуди 120 ҳазор паноҳандаро дорад.
Бино ба омори раёсати СММ дар умури фирориён аз оғози низоъҳо дар Сурия ин кишварро зиёда аз  276 ҳазор аҳолии осоишта тарк кардаанд. Бештари ин афрод дар Урдун, Туркия ва Лубнон паноҳ мебаранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!