Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:37

ХБМ: Тоҷикистон дар радифи Ӯзбакистону Туркманистон ҷой мегирад

3 август 2012, 04:38

Тоҷикистон бо мунтазам масдуд кардани дастрасӣ ба торнамо ва саҳафоти интернетӣ худро ба радаи кишварҳои «душмани интернет» наздик мекунад.

Дар ин бора Созмони Хабарнигорони бидуни марз аснои пахши як изҳорот  иброз доштааст. ХБМ ҳамчунин эълом доштааст, ки  Тоҷикистон бо мунтазам сонсур кардани интернет дар як радиф бо ҳамсояи худ Қазоқистон қарор гирифтааст ва дар ниҳояти амр метавонад, бо Ӯзбакистону Туркманистон баробар ҷой бигирад. Изҳороти Хабарнигорони бидуни марз баъд аз баста шудани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс”, хабаргузории русии “РИА Новости” ва чанд сайти дигар пахш шуд.
Аз оғози амалиёти низомӣ дар Бадахшон мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Дар давоми даҳ рӯзи ахир баъд аз амалиёти Хоруғ сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!