Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Беш аз 50 қонуншиканӣ аснои тақсими замин ба қайд гирифта шуд

3 август 2012, 05:07

Хариду фурӯши замин дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ манъ аст.

Дар робита ба ин масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, имсол дар Тоҷикистон  ҷиҳати пешгирии хариду фурӯш, истифодаи ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионӣ ҳангоми тақсимоти замин чораҳои мақсаднок андешида шуда, 55 ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст.
Бино ба иттилои агентии мазкур дар нимсолаи аввали соли равон, ин гунна омилҳои мазкур  мавриди санҷиш ва тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст. Ҷиноятҳои зикргардида дар ҳудуди вилояти Хатлон 25 ҳолат, вилояти Суғд 8 ҳолат, шаҳри Душанбе 4 ҳолат ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ҳолат ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ инчунин таъкид кард, ки вобаста ба масъалаи зикргардида ахбороти алоҳидаи муфассал ба Ҳукумати  Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!