Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:50

Дар шимоли мамлакат марди 48 сола ҳамсару хушдоманашро корд зад

3 август 2012, 08:04

Сокини шаҳри Истаравшан ҳамсару хушдоманашро бо корд захмӣ карда, ба ҷисми худаш низ корд зад.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд Асрор Эгамбердиеви 48 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Х. Раҷабови шаҳри Истаравшанро дастгир кардааснд. Тавре ба зодагон аз ВКД хабар доданд, номбурда рӯзи 31-уми июл  дар ҳолати мастӣ  бо ҳамсараш Лола Эгамбердиева, соли таваллудаш 1964 ҷанҷол мекунад. Баъдан бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш ва як маротиба ба қисми рости қафаси синаи хушдоманаш Екатерина Ҷабборова (соли таваллудаш 1924) мезанад. Сипас Асрор Эгамбердиев бо корди дар дасташ буда, қисми поёнии шиками худро низ захмӣ мекунад. «Ҳоло ҳамсар, хушдоман ва худи Асрор дар беморхонаи марказии шаҳр бистариянд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад»,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!