Абдулло Ёров, раиси калонтарин ширкати қарздори Тоҷикистон - «Барқи тоҷик» мӯътақид аст, ки дар мӯҳлати муайяннамудаи ҳукумат қарздории ширкатро назди буҷа комилан рӯйпӯш хоҳанд кард.
Ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик» дар назди буҷет ба ҳолати аввали моҳи июл 379 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи масъулини Кумитаи андоз нисбат ба аввали соли ҷорӣ 69 миллион сомонӣ зиёд шудаст.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати «Барқи тоҷик» барои пурра рӯйпӯш намудани қарздориаш назди буҷа то моҳи декабри соли 2014 мӯҳлат додаст.
Ҷаноби Ёров ният дорад, қарздории «Барқи тоҷик»-ро назди буҷа ва дигар ширкатҳо аз ҳисоби ҷамъоварии қарзи ҳаққи барқу гармӣ аз аҳолӣ ва корхонаҳо амалӣ созад.
Райиси «Барқи тоҷик» мегӯяд, тайи шаш моҳи ахир қарзи аҳолӣ дар назди ширкат 28 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба ҳолати аввали моҳи июл 315 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил додаст.
Мувофиқи маълумоти фаврии «Барқи тоҷик» қарзи корхонаю ташкилотҳо ва аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ давоми нимсолаи аввал 146 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, умуман ба 767,6 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Дар баробари аҳолӣ корхонаҳои Вазорати мелиоратсия ва об 196,8 миллион сомонӣ ва соҳаи кишоварзӣ 40,7 миллион сомонӣ аз «Барқи тоҷик» қарздор мебошанд.
Мӯҳр