Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Вазирони маорифи ИДМ ба Душанбе меоянд

9 июн 2011, 06:24

Дар Душанбе ҷаласаи 24-уми шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва конфронси 18-уми вазирони маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир мегардад.

Дар ин нишаст, рӯзҳои 18 ва 19-уми июн, 20 масъала, аз ҷумла, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи маориф, лоиҳаи қарордод оид ба ҳуқуқҳои баробари шаҳрвандони давлатҳои ИДМ ҷиҳати қабул ва таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ, қарордод оид ба такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатҳои аъзои ИДМ, ҷараёни таҳияи Барномаи такмили ихтисоси кормандони ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, оид ба омода намудани лоиҳаи қарордоди ҳамкорӣ дар масъалаи касбомӯзӣ ва бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ мувофиқи талаботи бозори меҳнат, ташкили олимпиадаи мактаббачагони давлатҳои аъзои ИДМ аз фанҳои математика, биология ва физика, ҷараёни омодагӣ ба анҷумани II –и омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ, фаъолияти ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи маориф, оид ба кори комиссия дар мавриди фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва филиалҳои онҳо дар давлатҳои аъзои ИДМ дар доираи иҷрои қарорҳои Шӯро ва Конфренсияи вазирон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Мавриди зикр аст, ки 20-уми июн вазирони маорифи давлатҳои аъзои ИДМ аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда ва мулоқоту вохӯриҳояшон барои намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир менамоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!