Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Медиа алянси Тоҷикистон роҳбарашро иваз накард

4 август 2012, 05:21

Дар ҷаласаи навбатии ин ташкилоти журналистӣ, Хуршедҷон Ниёзов (Хуршеди Атовулло) сардабири нашрияи «Фараж» барои бори дигар Дабири кулли он интихоб гардид.

Тавре Вера Кулакова, аъзои ин созмон, ҳамзамон сарвари ширкати радио ва телевизионии «Ватан» ба Озодагон иттилоъ дод, ҳамойиши мазкур ду рӯз қабл дар толори хурди Маҷмааи табъу нашри мавсум ба «Шарқи озод» сурат пазируфт. Ба қавли ӯ, дар ҳамойиши ассосатсия аз 12 нафар аъзоёни он, 8 нафар бо шумули Зафар Абдуллоев, Хуршеди Атовулло, Наргис Қосимова, Гулнора Амиршоева, Шўҳрат Неъматуллоев, Зинатулло Исмоилов, Вера Кулакова, Фарангис Набиева, Сангин Гулов ва Субҳон Ҷалилов иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд, пас аз ҳисоботи Котиби генералии МАТ ва раиси Шўрои назоратии МАТ оид ба корҳои дар соли 2012 пешниҳодшуда, масъалаи интихоби Дабири кулл ба овоз гузошта шуд: «Бояд гуфт, аъзоёни Медиа алянси Тоҷикистон ба ин натиҷа расиданд, ки то соли 2013 Хуршеди Атовулло дар маснади Котиби генералии МАТ боқӣ бимонад». Зимнан, Гулнора Амиршоева, Наргис Қосимова, Вера Кулакова аъзоёни Шӯрои назоратии ин ташкилот интихоб гардиданд.     


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!