Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:59

Суғд: Марги як пиёдагард аз беэҳтиётии ронанда

6 август 2012, 06:57

Ронанда аз беэҳтиётӣ пиёдагарди канори роҳро пахш кард.

Тавре ба хабарнигори Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ронандаи сабукрави «Лабо» Ғулом Ҷумъаеви 23-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови ноҳияи.Конибодом, аснои ҳаракат бо кӯчаи Ленин дар рӯ ба рӯи бинои 2, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард  Мӯҳриддин Болтабоеви 18-сола, сокини кӯчаи Шукурови ноҳияи Конибодомро, ки дар канори роҳ менишаст, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Болтабоев  ва мусофири нақлиёт Иброҳимов Элмуроди 23-сола  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баъди чанд соати интиқол ёфтан ба касалхона Мӯҳриддин Болатабоев ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!