Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:41

Кашфу мусодираи беш аз 150 кило маводи нашъадор дар Суғд

6 август 2012, 11:29

Дар ин бора ба хабарнигори  Озодагон  дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши гайриқонунии маводи мухаддири РКД-и вилоят иттилоъ доданд.


Ба қавли сарчашма, тайи ҳафт моҳи  соли равон аз тарафи кормандони мақомоти милисаи шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 158 кг 031 гр  маводи нашъовар боздошт ва мусодира карда шуд.Ин миқдор нисбати  нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 145 кг кам мебошад.
Бояд гуфт, дар 7 моҳаи аввали соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 412 кгмаводи мухаддир мусодира карда шуда буд.Аз ин миқдор зиёда аз 63 кг-и онро маводи сахттаъсири ҳероин, 165 кг гурӯҳи бангдона, 22 килоашро  афюн  ташкил медод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!