Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

Мавзуна Чориева дар финали Лондон-2012

7 август 2012, 03:57

Мавзуна Чориева дар олимпиадаи Лондон дар даври ¼ ниҳоӣ аз рӯи намуди бокс дар вазни то 60 кило рақобат намуда ба финал роҳхат гирифт.

Барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта буд, шоми дирӯз, 6-уми август, бо Ченг Донги хитойӣ, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба ринг баромад. Рақобат миёни ду боксчии шинохтаи ҷаҳон ба нафъи муштзани тоҷик Мавзуна Чориева анҷом ёфт.
Маврид ба тазаккур аст, ки ин сабқатро тоҷикистониён тариқи телевизион тамошо кардан два дар экран хуб намудор буд, ки қади варзишгари чиноӣ аз Мавзуна болотар буд, аммо муштзани тоҷик тавонист, ки зарбаҳояшро моҳирона ба ҳадаф расонад. Рақобат миёни ҳардуи варзишгар бисёр пуршиддат ва тамошобоб сурат гирифт.  Чориева аз рӯи натиҷаи  холҳо бо ҳисоби 13:8 (2:2, 2:1, 4:3, 5:2) ғолиб дониста шуд.
Пас аз ин пирӯзи Мавзуна Чориева ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва муборизаро барои ба даст овардани унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ идома медиҳад. Гуфта мешавад, ки ғолибони даври чаҳорякниҳоӣ, ки ба нимфинал мебароянд, ҳадди ақал соҳиби медалҳои биринҷӣ мешаванд.
Ёдрас менамоем, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ дар Лондон 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ Тоҷикистонро шомиланд, ки аксари онҳо аз идомаи рақаобат аллакай маҳрум гаштаанд.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!