Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:47

99 фоизи андозсупорандагон дар Тоҷикистон қонуншиканӣ мекунанд

7 август 2012, 06:12

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз натиҷаи санҷишҳояшон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ иттилоъ медиҳад,  ки  98 – 99 фоизи андозсупорандагон ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.

Ӯ мегӯяд, мо кӯшиш мекунем, ҳамаро зери назорат гирем: «Санҷишҳое, ки дар шаш моҳи гузашта гузарондем, ҳамаи категорияҳои андозсупорандаро фаро мегиранд. Ин ҷо андозсупорандаҳое ҳастанд, ки бо патент, бо шаҳодатнома, бо низоми соддакардашуда ва ё бо низоми умумӣ умумӣ фаъолият мекунанд».  
Ба қавли ӯ, давоми моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 2 фоизи андозсупорандагон, яъне 1 ҳазору 434 андозсупорандаро аз санҷиш гузаронда ба маблағи 136 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳоро ошкор намудаанд:«Аз ин ҳисоб ба мо имкон шуд, ки 93,2 миллион сомонӣ ба буҷет ворид кунем».
Дар мавриди шеваю шумораи санҷишҳои мақомоти андоз бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки бояд такмил ёбанд.  Зимни ислоҳоти низоми андозбандӣ, ки президенти Тоҷикистон айни ҳол дар кишвар мақсад гузоштаст, коҳиши шумораи санҷишҳо ва таъмини шафофият дар ин бахш зарур арзёбӣ мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • бобои чилла

  • 21 июл 2014 11:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
99 фоизи андозсупорандагон дар Тоҷикистон қонуншиканӣ мекунанд
ин огои раис худаш ва хочахояшро андозсупоранда намушоморида бошад / агар - ха /

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!