Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:34

Бонки ҷаҳонӣ: Эҳтиёҷоти Осиёи Миёна ба барқ 40 фоиз зиёд мешавад

7 август 2012, 10:18

Тибқи ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ 10 сол пас ниёзи кишварҳои Осиёи Миёна  - Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба энергияи барқ бештар мегардад.

Ба иттилои бонк, айни ҳол дар минтақаи Осиёи Миёна тайи як сол 130 миллиард кВт соат барқ истеҳсол мешавад.  Баъди 10 сол барои қонеъ намудани талаботи минтақа ҳадди ақал 180 миллиард кВт/ cоат лозим аст. Баъди 15 сол ин нишондод ба 206 миллиард кВт/соат баробар хоҳад буд.
Масъулини ин созмони молиявӣ мушкили норасоии энергияи барқро айни ҳол актуалӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла дар натиҷаи норасоии барқ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором тақрибан 1,9 миллиад одам имконияти маҳдуди нигоҳдории тандурустӣ, рушди иқтисодӣ ва гирифтани маълумотро доранд.
Масъулини энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд дар ташаббуси Созмони Миллали Муттаҳид- «Энергияи устувор барои ҳама» Тоҷикистон дар қатори панҷ кишвари дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод шудаст, ки маънои аз тарафи ин созмон эътироф шудани захираҳои бузури энергетикии кишварро дорад.
Айни ҳол захираи танҳо гидроэнергетикаи Тоҷикистон 527 миллиард кВт/соат баҳогузорӣ мешавад, ки фақат 4 фоизаш мавриди истифода қарор дораду халос.  Дар сурати истифодаи дуруст захираҳои Тоҷикистон на танҳо барои Осиёи миёна балки Осиёи ҷанубӣ ҳам кифоя арзёбӣ мегарданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!