Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:18

Таъин гардидани бону ба ҳайси раҳбари ҲНИТ дар ВМБК

8 август 2012, 04:06

Муслима Броимшоева, райиси ҲНИТ дар Бадахшон таъин гардид.

Дар ин бора Маҳмадалии Ҳайит, муовини райиси ин ташкилоти сиёсӣ, ки ахиран аз Хоруғ баргашт  ба Озодагон иттилоъ дод.  
Боздиди ҳайати ҲНИТ, бо роҳбарии ҷаноби Ҳайит ба маркази маъмурии вилояти МБК аз 4-ум то 6-уми августи соли ҷорӣ, дар пайи қатли райиси вилоятии ҳизю марҳум Сабзалӣ Мамадризоев ва  бедарак шудани масъули шаҳрии ин ҳизб Шерӣ  Карамхудоев дар ҳаводиси Хоруғ (21 то 25-уми июли соли 2012) сурат гирифта буд. Гуфта мешавад,  Карамхудоев, аз рӯзи аввали амалиёти мақомоти қудратии кишвар то ҳанӯз бедарак аст.
Бинобар иттилоъи манбаъ, яке аз ҳадафҳои сафари ин ҳайат ҷамъоварии иттилоъ дар бораи гумшуда ва таъйини роҳбари нави ҳизб дар бахши вилояти Бадахшон буд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • digar bonu

  • 8 август 2013 04:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
jhoiz ast dar islom bonu rais shavad ki mondan

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!