Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:06

То 40 фоиз арзон гардидани нархи таҳсил. Дар донишгоҳҳо

9 август 2012, 04:20

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон изҳоротро, ки муассисаҳои таълимии кишвар ҳаққи таҳсилро худихтиёрона ва беасос боло карда истодаанд, инкор карда таъкид мекунанд, ки ин равандро зери назорат қарор додаанд.

Ба иттилои манбаъ аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ, муайян кардани арзиш ва пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии Тоҷикистон қоидаҳои худро дорад, ки аз ҷониби  Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мувофиқа расонда шудаст.
Сарчашмаи хабар баён дошт, ки барои соли таҳсили 2012 – 2013 то ба ҳол нархномаи таҳсили гурӯҳҳои шартномавии 20 донишгоҳу донишкадаҳо, 11 омӯзишгоҳи тиббӣ ва 4 омӯзишгоҳи касбӣ – техникиро  мувофиқа карда тасдиқ намудаанд. Масъулини хадамот мегӯянд, ҳаққи таълимро аз нархҳое, ки худи муассисаҳои таълимӣ пешниҳод карданд аз 10 то 40 фоиз арзон намуда, баъд тасдиқ карданд.
Ин дар ҳолест, ки  арзиши  таҳсил дар баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон  ҳудуди 1,5 ҳазор доллари амрикоиро барои 1 сол ташкил медиҳад, ки нисбати маоши ҳадди ақал дар кишвар қариб 100 маротиба зиёдтар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!