Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Бонки Миллӣ бо саррофон муборизаро тақвият мебахашад

8 август 2012, 07:45

Абдуҷаббор Ширинов, раиси ин ниҳоди молӣ амали бисёри саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе, ки долларро аз нишондоди дар лавҳа навиштаашон қимматтар мефурӯшанд ғайриқонунӣ хонд.

Ӯ мегӯяд: «Дар ҳолате, ки дар лавҳа як чӣ навишта шудасту дар асл саррофон бо дигар арзиш кор мекунанд, ин ба қоидаҳои хариду фурӯши асъор мувофиқ нест ва ғайриқонунӣ аст». Айни ҳол арзиши як доллар зимни фурӯш дар лавҳаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,84  ё 4,85 сомонӣ  нишон дода шудаст. Аммо бисёри саррофон як доларро  ба ивази 4,87 ва ҳатто 4,88 сомонӣ мефурӯшанд
Раиси Бонки миллӣ ин амали саррофонро бевиҷдонию фиреби рӯйирост гуфта, таъкид намуд, ки минбаъд чораандешиҳоро дар ин самт густариш медиҳанд: «Мо ҳақ надорем, ба раванди муайян намудани қурб дар нуқтаҳо дахолат кунем. Онро соҳибони нуқтаҳои мубодила бо фармони  қурб муайян мекунанд ва дар овезаҳо нишон медиҳанд. Вақте дар овеза қурб нишон дода шуд, фурӯшандаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор ӯҳдадоранд он нишондодро риоя кунанд. Корманди нуқтаи мубодилаи асъор ҳақ надорад, ки зимни харидуфурӯши асъор ба як кас 5 дирам арзонтару ба дигар қимматтар фурӯшад. Бояд аз рӯи нишондоди овезаи нуқтаи мубодилаи асъор фаъолият кунад».





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!