Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:47

Нисбати «Таком» (Билайн) -у «ТТ мобайл» парванда боз шудаст

8 август 2012, 07:59

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дурустии ташаккул ва истифодабарии нархи хизматрасониҳои роуминги байналмилалиро дар ширкатҳои «ИндигоТоҷикистон», «Таком», «Вавилон Мобайл», «ТТ мобайл» ва «Сомонком» мавриди санҷиш қарор дода, нисбати «Таком» ва «ТТ мобайл» парванда оғоз кардаст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷиш муайян шуд, ки ширкатҳои «ТТ мобайл» ва «Таком», ки бештар зери тамғаи «Билайн» маъруф аст, роуминги байналмилалиро бо нархи пасти инҳисорӣ ҷорӣ кардаанд: «Ин нисбати дигар ширкатҳое, ки дар бозори алоқаи мобилӣ фаъолият мекунанд, фазои носолими рақобатро ба вуҷуд меоварад».
Сарчашмаи хабар мегўяд, ба ҳамин далел нисбати ду ширкати зикршуда, барои вайрон намудани қонунгузории зидиинҳисорӣ парвандаи истеҳсолӣ боз карда шуд. Дар натиҷаи баррасии парванда «ТТ мобайл» вайронкунандаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дониста шуда, аз ширкат маблағи 94 ҳазору 421 сомонӣ ҳамчун даромади дар натиҷаи вайронкорӣ  гирифта шуда, ба буҷети давлат ворид гардид.
Ширкати «Таком»-и маъруф бо «Билайн» барои вайронкориҳояш ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 6 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!