Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 январ 2017, 23:06

100 метри мураббаъ қитъаи замини ишғолӣ ошкор шуд

8 август 2012, 10:36

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти вижае ошкор кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе бидуни асноди зарурӣ ва дар заминҳои фонди давлатӣ манзили зист бунёд гардидааст.

Тавре ба Озодагоназ ВКД хабар доданд, дар пайи ин амалиёт Баҳром Насруллоеви 40- сола, сокини кӯчаи Тунис бо ҷурми қаллоби дастгир карда шуд: «Номбурда моҳи апрели соли ҷорӣ дар квартали 4-уми маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар масоҳати 100-метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона, беиҷозат ва ҳуҷҷатгузории расмӣ ишғол намуда, бинои истиқоматӣ бунёд намудааст».
Феълан, нисбати Баҳром Насруллоев  парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!