Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:30

Парлумон: Нерӯҳои низомиро ба хориҷа намефиристем

9 июн 2011, 09:58

Қазоқистон нерӯҳои ҳарбиашро ба Афғонистон намефиристад.

Палати болоии порлумони ин кишвар аз имзои тавофуқномаи НАТО дар хусуси ширкати ин давлат дар эътилофи байналмилалӣ дар дар  Афғонистон, ки интиқоли нерӯҳои ҳарбии Қазоқистонро ба Афғонистон пешбинӣ мекард, худдорӣ кардааст.

Мухтор Олтинбоев, вакили порлумони Қазоқистон гуфтааст, Кумитаи оид ба муносиботи байналхалқӣ, дифоъ ва амният дар хусуси лағви пурраи чунин як лоиҳаи қонун ва бозпас гардонидани он ба маҷлиси поёнии порлумон таклиф пешниҳод кардааст.

Мухтор Олтинбоев ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки мутобиқ ба Сарқонуни ин кишвар қарор дар чунин мавзӯҳои ҳассос дар маҷлиси якҷояи ҳарду палатаи порлумон қабул хоҳад гашт.

Дар ҳамин ҳол маҷлиси поёнии порлумони ин кишвар дар санаи 18 майи соли 2011 мувофиқатномаи НАТО-ро оиди ширкати Остона дар эътилофи байналхалқӣ дар Афғонистон маъқул дониста, барои фиристодани 4 афсари баландрутбаи Қазоқистон ба ситоди байналхалқии коалитсия ризоият дода буд.

Баъди баррасии ин мавзӯъ аз сӯи «Толибон» таҳдидҳое болои Остона сурат гирифтанд, ки дар он ба лаҳни тунд «оқибатҳои фоҷиабор»-и имзои ин мувофиқатнома таъкид мегашт.

Ҳамчунин чанд созмони ҷамъиятӣ, бахусус созмони «Ҷанговарони башардӯсти Афғонистон» бо нишони эътироз аз чунин тасмими маҷлиси поёнии порлумон ба ҷамъоварии имзоҳо дар хусуси пароканда кардани ҳайати пурраи маҷлис шурӯъ кардаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!