Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Шаш варзишгари тоҷик дар Олимпиада сабқатро идома медиҳанд

9 август 2012, 05:38

Мавзуна Чориева, ки дар қувваозмоии нимфиналӣ натавонист ба финал барояд, соҳиби нишони биринҷӣ мешавад.

Ӯ шоми дирӯз, 8-уми август, дар сабқати бокс дар вазни то 60 кило дар даври ниманиҳоӣ аз муштзани ирландӣ Кэти Тейлор аз рӯи натиҷаи холҳо бо ҳисоби 9:17 (1:3,2:4, 3:6, 3:4) шикаст хӯрд, аз идомаи қувваозмоиҳо барои унвони қаҳрамони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ маҳрум гашт.
Ҳамзамон, 9 нафар варзишгари дигари тоҷик, тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко дар Олимпиадаи Лондон-2012 қувваозмоӣ карданд, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Дар ҳамин ҳол,  шаш намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Лондон қувва ҳоханд озмуд: Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов (таэквон-до), Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Искандари Рустам (гӯштии тарзи озод).



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!