Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 11:45

Б.Ҳабибов: Қатъи алоқа беогоҳӣ ғайриқонунӣ аст

9 август 2012, 05:52

Алоқа бо Хоруғ, ки шаби 23-юм ба 24-уми июл қатъ гардида буд, то ҳол 9-уми август барқарор нашудаст.

Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон қатъи алоқаро ба чунин мӯҳлат бе эълони расмии сабаб ва огоҳии истеъмолкунандагон ғайриқонунӣ гуфт. Ҳабибов мегӯяд қонунгузорӣ маҳдудкунии ҳуқуқи истифодабарандагонро дар ҳолатҳои форс -мажор, ҳолатҳои вобаста ба мубориза  бо терористҳо ва дигар масоили амниятӣ пешбинӣ кардаст: «Аммо истеъмолкунандагон ҳуқуқ ба иттилоот доранд. Масъулини давлатӣ ӯҳдароранд, ки дар чунин ҳолатҳо тавассути телевизион ва дигар ВАО ба мардум фаҳмонанд, ки ба ҳамин хел сабабҳо ба ҳамин қадар мӯҳлат алоқа қатъ мешавад. Бе огоҳӣ ва фаҳмондани сабаб қатъи алоқа таи 1-2 соат иҷозат аст. Вақте ҷинояткорон метавонанд бо истифода аз алоқаи мобилӣ таркиш ба вуҷуд оранд ё ғайра…. Лекин вақте қатъи алоқа бе огоҳӣ ва фаҳмондани сабаб 2-3 ҳафта давом мекунад ин ғайриқонунӣ аст».
То ҳол ягон масъули давлатӣ эълон накардаст, ки қатъи алоқа ба масоили амниятӣ дахл дошта, то кай идома хоҳад ёфт.
Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба суоли рӯзноманигорон дар бораи сабабҳои қатъи алоқа бо Хоруғ чанд далелу фарзияро пеш овард, ки мутахассисон онро аз доираи илм ва қонунҳо берун гуфтанд. Бо вуҷуди он, ки алоқа бо Бадахшон пештар аз оғози тирпарронӣ шаби 23 –юм ба 24 –уми июл қатъ гардида буд, Зуҳуров мегӯяд алоқаро як тир аз байн бурдааст



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!