Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:42

Тоҷикистон ба наздикӣ соҳиби бензини худӣ мешавад

9 август 2012, 06:12

Ҳукумати Тоҷикистон моҳе пеш қарор кард, ки дар ҷануби кишвар корхонаи коркарди нафтро бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол бунёд намояд.

Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ин бора иброз дошта афзуд, ки иқтидори корхона марҳила ба марҳила афзоиш хоҳад ёфт. Айни ҳол ба гуфтаи вазири энергетика ва саноат дар кишвар сохтмони ду корхонаи дигари коркарди нафт идома дорад: «Бунёди яктааш дар Шаҳринав ва дигараш дар шаҳри Конибодом ҷараён дорад. Иқтидори ҳар кадом 50 ҳазор тонна нафт дар як сол ва дар оянда инро то 100 ҳазор тонна зиёд кардан мумкин аст».
Манбаъ афзуд, агар корҳо дар сохтмони корхонаи коркарди нафти «Шаҳринав» бо суръату сифати мавҷуда ҷараён гирифта, сохтмончиён ғайрат нишон диҳанд мумкин аст то ҷашни истиқлолият корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.  Шералӣ Гул дар мавриди дарёфти нафти хом барои корхонаҳои коркарди сохташаванда изҳор дошт, ки кишварҳои истихроҷкунанда розӣ шудаанд Тоҷикистонро бо нафти хом таъмин намоянд. Ахиран барои таъмини Тоҷикистон бо нафти хом кишвари Эрон изҳори омодагӣ карда буд. Коршиносон камбуди роҳандозии коркарди нафти воридотиро дар арзиш медонанд, ки нисбатан қиммат ғалтида метавонад аз нигоҳи нарх дар минтақа рақобатнопазир бошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!