Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Низоми истифодаи қаъри замини Тоҷикистон нав мешавад

9 август 2012, 09:14

Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон низоми мавҷудаи идора ва истифодабарии маъданҳои зеризаминиро дар кишвар бесамар хонда, изҳор медоранд, ки дар Тоҷикистон ҳам низоми созишномавии истифодаи қаъри замин, ки дар ҷаҳон роиҷ аст, ҷорӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар низоми нав барои коркардкунандаи маъодин додани салоҳияти худ ба шахси дигар, гаравмонии маъодин ва ғайра бояд таъмин гарданд. Айни ҳол дар Тоҷикистон барои истифодабарандагони қаъри замин ҳуқуқи моликият, ба дасти дигар кас додани иҷозатнома ё фурӯши бозёфтҳои геологиашон кафолат дода намешавад. Масъулини кумита дар ҳоли ҳозир ин бахшро барои сармоягузорӣ камманфиат арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносони кумита дар Тоҷикистон асосан 5 омил аст, ки барои рушди истифодаи маъданҳои зеризаминӣ монеъ эҷод мекунад. Монеаи асосӣ пеш аз ҳама дар Тоҷикистон сохтори идораи давлатии истифодабарии боигариҳои зеризаминӣ хеле мураккаб буда, салоҳияти идораи соҳа миёни ниҳодҳои гуногуну зиёди давлатӣ тақсим гардидаст, ки дар натиҷа идораю назорати истифодабарии маъодин хеле коста мебошад.   Омили дуюмро номукаммалии қонунгузорӣ ва мавҷуд набудани усулҳои аниқу шафофи дастрасӣ ба маъданҳо номиданд. Заифии ҳимояи сармоя ва қонунгузории андозии зуд – зуд тағйирёбандаро ҳам масъулини кумита, ба қатори мушкилоти асосии ҷалби сармоя ва рушди соҳаи истифодабрии маъодини Тоҷикистон дохил карданд.

Дар баробари омилҳои номбаршуда, камёфт будани мутахассисон, инфрасохтори заиф ва мушкили таъминот бо барқ, боздорандаи истифодаи густурдаи қаҳри замин маҳсуб меёбанд.

Тибқи омӯзиши масъулини кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сармоягузорони байналмилалӣ зимни маблағгузорӣ, чанд омилро ба назар мегиранд. Аз ҷумла ба пешкаши маълумоти геологӣ, кафолати ҳуқуқ ба моликият, миқдори ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, шумораи ниҳодҳои давлатии дар раванди иҷозатномадиҳӣ фаъолбуда, маҳдудияти коркард, содирот ва фурӯши металҳои қимматбаҳо ва ба маҳдудияти истифодаи коргарони маҳаллию хориҷӣ диққат медиҳанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!