Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Сафири ҶАҶ ба Зарифӣ эътимоднома супорид

10 август 2012, 05:12

Рузи гузашта, 9-уми август Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ  Сафири Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Шириш Манаклал Сониро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ дар рафти сӯҳбат тарафҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун, табодули назар намуданд.
Зимнан, Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ саҳми сазовор хоҳад гузошт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!