Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

Рейтинги маош: Душанбе аз Маскав пеш аст

10 август 2012, 10:21

Тибқи иттилои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, аз рӯйи фарқият байни ҳаҷми маош дар пойтахт ва минтақаҳои дигар, Тоҷикистон дар ҳудуди кишварҳои аъзои давлатҳои ҳамсуд дар зинаи аввал қарор дорад.

Музди меҳнат дар Душанбе нисбат ба маоши миёнаи Тоҷикистон дар маҷмўъ 97,2 фоиз зиёдтар аст. Дар ҳудуди ИДМ, баъди Душанбе, Маскав дар ҷои дуюм аст. Ҳаққи меҳнати сокинони ин шаҳр нисбат ба шаҳрвандони минтақаҳои дигари  Русия 82,2 фоиз бештар будааст. Дар Украина маош дар пойтахт, шаҳри Киев нисбат ба музди меҳнати миёнаи умумӣ дар кишвар 52 фоиз зиёд будааст. Дар Ереван ин нишондод ба 9,7 фоиз баробар шудаст.
Фарқияти камтарини маош дар пойтахт аз дигар нуқтаҳои кишвар, дар шаҳрҳои Минск ва Кишинев ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо иқтисодиёт асосан аз ҷониби давлат назорату танзим мешавад.
Ба қавли таҳиягарони рейтинг, Душанбе на барои он дар ҷои аввал аст, ки ҳаҷми маош дар он зиёд мебошад, балки барои он дар сархат қарор дорад, ки ҳаққи миёнаи меҳнат дар минтақаҳои дигар ва умуман дар Тоҷикистон яке аз пасттаринҳо дар ҳудуди ИДМ мебошад.
Мувофиқи ҷамъбасти соли 2011 аз ҳама маоши миёнаи баланд дар байни пойтахтҳои ИДМ дар Москав ба қайд гирифта шудааст, ки 43.272 рубли русиро ташкил медиҳад.  Остона бо нишондоди 26.424 рубли русӣ, дар ҷои дуюм аст. Боку бо 19.049 рубл мақоми сеюмро муаррифӣ мекунад. Маоши миёнаи Маскав нисбат ба Душанбе 7,5 маротиба баландтар арзёбӣ мешавад.
Тибқи таҳлилҳои Кумитаи омори Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҳама бештар музди меҳнат ба ҳолати моҳи декабри соли гузашта дар Қирғизистон -31,3% боло рафтааст. Дар Тоҷикистон ин рақам 18,7% -ро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!