Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:50

Тоҷикистон аз Бонки аврупоӣ 35 миллион доллари дигар қарз мегирад

10 август 2012, 10:49

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қарор кардааст, барои анҷоми пурраи сохтмони роҳи Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбакистон 35 миллион доллар қарзи дигарро ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон бигузорад.

Маблағҳои ҷудонамудаи Бонки аврупоӣ барои қисмати роҳе, ки дар дохили шаҳри Душанбе аст, сарф хоҳанд шуд. Қисмати боқимондаи роҳ ба дарозии 62 киллометр бо пули Бонки осиёии рушд, ки ба сифати грант ба Тоҷикистон додаст, бунёд мешавад.
Масъулини Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мегӯянд, баъди таҷдиду сохтмони роҳи Душанбе -сарҳади Ӯзбакистон имкон фароҳам меояд, ки тиҷорати байналмилалӣ рушд намуда, ҳаёти мардуми атрофи ин роҳ, ки ба истиснои аҳолии Душанбе 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба маротиб беҳтар шавад.
Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ - аз назди пайкараи Абӯалӣ ибни Синои пойтахт то дарвозаи ғарбии он аз 8 хати ҳаракати мошинҳо иборат хоҳад шуд ва марҳилаи аввалро фаро мегирад. Анҷоми таҷдиду сохтмони ин қисмати роҳ то моҳи октябри соли 2013 дар назар аст.
Дар мавриди қисмати дуюми роҳ масъулин изҳор медоранд, ки  қисмати Душанбе то шаҳри Турсунзода, бо паҳноии 25 метр 4 хати ҳаракат хоҳад дошт ва аз Турсунзода то сарҳади Ӯзбакистон 15 метр паҳноӣ ва 2 хати ҳаракатро дар бар хоҳад гирифт. Анҷоми пурраи сохтмону таҷдиди роҳи Душанбе – Турсунзода соли 2014-ум ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии азнавсозии роҳ ҳудуди 186 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!