Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:16

Ду садамаи нақлиётӣ ҷони се нафарро гирифт

13 август 2012, 08:19

Дар ин бора Маҳмадшариф Шамсов, масъули Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.

Бино ба қавли ӯ, субҳи рӯзи 12-уми август, тахминан соати 05:55, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес бенс», Одилхон Қодирови 36- сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати «Шайдон-Блок»-и вилояти Суғд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи «Хундай Старекс», ки таҳти идораи ронанда- Ғуломиддин Азимови 56- сола ҳаракат мекардааст, бармехурад. Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи  «Мерседес бенс» Баҳоралӣ  Ҳайдаралиеви 60 -сола ва ноболиғ  Сомон Тошматови 13- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасанд.
Худи ҳамон рӯз, сарнишини  Опел астра», Исо Назирови 53- сола, мудири бахши дини ноҳияи Файзобод, аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт- Ҷиргатол, дар наздикии рустои «Биникулта»-и ноҳияи Файзобод, идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба автомашинаи тамғаи «Чинбей», ки таҳти идораи ронанда Саноӣ Зоирови 25- сола ҳаракат мекард ба хурдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел астра» Исо Назиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар шифохонаи марказии ноҳияи Файзобод, ба ҳалокат расидаааст.
Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои атомобилгарди ҷумҳурӣ 4 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 3 нафар ҳалок, 4 тани дигар захм бардоштааст.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!